735360 город Куляб, микрорайон Борбад ditrt@list.tj
Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ

КОРМАНДОН

ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

Кампус университета
Вазифа

Сардори марказ

Бобоев Аҳмадҷон Сафаралиевич

Ихтисос - муҳандис - барномасоз

Дараҷаи илмӣ – надорад

Унвони илмӣ – надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат

ПОДРОБНО
Кампус университета
Вазифа

Нозир

Тоирова Сайёра Фатҳуллоевна

Ихтисос - барномасоз-иқтисодчӣ

Дараҷаи илмӣ – надорад

Унвони илмӣ – надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат

ПОДРОБНО
Кампус университета
Вазифа

Нозир - коргузор

Нозимова Фотима Абдукаримовна

Ихтисос - идораи давлат ва ҳуқуқ

Дараҷаи илмӣ – надорад

Унвони илмӣ – надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ бо луғат

ПОДРОБНО

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ яке аз воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати Раёсати инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ фаъолият менамояд.

Асоси ҳуқуқии фаъолияти марказро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фармонҳо ва мактубҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб», қарорҳои Шурои олимон, фармону дастурҳои ректор, муовини ректор оид ба таълим ва низомномаи маркази таҳсилоти фосилавӣ ва тестӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳанд.

ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ТЕСТӢ БАРОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН РАВОНА ГАРДИДААСТ:
  • ташкили захираҳои махзан (фонд)-и маҷмӯи саволномаҳои тестӣ барои қабули донишҷӯён, татбиқи мониторинги сифати таҳсилот тавассути қабули имтиҳонҳо (фосилавӣ ва ҷамъбастӣ);
  • такмили маҷмӯи саволномаҳои тестӣ (супоришҳои тестӣ) ва қабули имтиҳонҳо бо усулҳои муосир (бо истифода аз имконоти технологияи иттилоотӣ);
  • гузаронидани семинару тренингҳо барои омӯзгорон ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар таҳияи саволномаҳои тестӣ (супоришҳои тестӣ) ва таҳлили натиҷаҳои имтиҳон бавуҷудомада;
  • татбиқи низоми тестӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • омодасозии маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳо бо истифода аз технологияи иттилоотии муосир;
  • татбиқи қабули имтиҳонҳо бо усули тестӣ дар раванди таълим бо мақсади назорати дастовардҳои фосилавии сатҳи дониши донишҷӯён (фосилавӣ ва ниҳоӣ) ва назорати берунӣ (назорати ниҳоӣ);
  • таъсиси махзани барномаҳои тестӣ;
  • таъмини дастрасии ягона ба ҳама гуна захираҳои маълумот мувофиқи салоҳият;
  • ёрии методӣ расонидан ба омӯзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузорӣ ба сатҳи воқеии дониши донишҷӯён;
  • гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастии донишҷӯён;
Веб-сайты

Важные веб-сайты